Дурй то чанд

Дурй то чанд

Эй Бухоро,эй Самарқанд

Вақти он аст эй ду фарзанди ятим

Боз оеду шавед бо решахои хеш пайванд

Гарчй теги чахлу гафлат, беадолат дуятон аз мо чудо кард

Медихад ин дарси таърих бар тамоми наслхо панд

Об агар садпора, аммо бо хам аст

Окибат хукми Худованд

Бишканад банд

Абри бахор

Абри бахор

Ба марзи синаам бибор

Бибор ки калби ташнаам ба ишки пок

Зи дасти чохилони дун дар ин кавир шуда фигор

Чавонаи умеди ман фусурдааст

Ва хонаам тихй зи ёр

Ман интизор

Омадам,салом

Дубора омадам, салом

Ба қалби пора-пора омадам, салом

Ман омадам, ки хаста аз фироқу дуриҳо шудам

Ва дарк кардаам висолро туи, ту чора, омадам,салом

Дигар миёни мову ту ҳар он чй фосила, мабод

Шикаста бурчу бора омадам, салом

Шарора, омадам, салом

/ 0 نظر / 14 بازدید