ШЕЪРҲО БАР САБКИ ЗУЛОЛ
Зулолҳо аз Аъзами Хучаста, Точикистон




 

Китобфуруши пир

Ба қайди рафтаҳо асир

Нигоҳи у зи пушти панчара ба кучаҳо

Ба чустучуи издиҳоми гумшуда чу об дар кавир

Китобҳо ба зери пардаи ғубори бетаваччуҳй чу дар қафас

Зи чашми ин замона нопадиду зору мазлуму ҳақир

Дареғи рузҳои рафта дар бухори ашк

Ба шишаҳои панчара ҳарир

Биё, сабақ бигир

 



موضوع مطلب :
۱ دی ۱۳٩٠ :: ٤:۱۸ ‎ب.ظ ::  نويسنده : اعظم خجسته Аъзам Хучаста

Вақте ки ҳолам хуб нест

Неку нигар, ҳатто Зулолам хуб нест

Дар вожаҳо табхолҳо, ритме надорад ҳарфи ман

Бар пурсишам дар Фейсбук посух не,яъне саволам хуб нест

Астоменофин" мехурам, шояд ки дар худ гум шавам"

Ойина бишкастам - висолам хуб нест

Фикру хаёлам хуб нест

 



موضوع مطلب :
۱ دی ۱۳٩٠ :: ٤:۱٦ ‎ب.ظ ::  نويسنده : اعظم خجسته Аъзам Хучаста

 

 

(Дар посух ба навишатахои беимзо, ки маро аз зулол бархазар медоранд)

 

Гахе зулол гуфтаам

Гахе каломи лоубол гуфтаам

Гахе газал, гахе "сафед", гахе таронахои дил

Хама зи рамзу рози зиндагй, ба ёди Хофизу Камол гуфтаам

Зи хеш рафтаам бурун, ки бар худии худ расам

Ва аз фироку аз висол гуфтаам

На килу кол гуфтаам

 



موضوع مطلب :
۳٠ مهر ۱۳٩٠ :: ٦:٠۳ ‎ب.ظ ::  نويسنده : اعظم خجسته Аъзам Хучаста

دسته گل رز صورتی رنگ

Ишк аз нигох

Аз ракси ноаёни дуди ох

Аз бодае, ки бе садо вале равон

Мерезад аз сабуи чашмхои обиву сиёх

Бар чоми калбхо, огоз мешавад, то баргу боду обу хок

Аз юмни у хама шавад хамчун мусофирони мох

Ин ишки поки зиндагонй зинда бод,

У хастиро чалолу чох

Хам як сипох



موضوع مطلب :
٩ فروردین ۱۳٩٠ :: ٩:۱٠ ‎ق.ظ ::  نويسنده : اعظم خجسته Аъзам Хучаста

 Вақте ки оҳи панчара

Ҳамчун чакидаи нигоҳи панчара

Аз рақси бод руи шишаҳо гулвожа мешавад

Оҳиста мерасй аз роҳи панчара

Монанди моҳи панчара

 

Муйи ту муйи панчара

Он тарҳи сояаат, абруи панчара

Ҳамчун гуле ки бехазон, дар ҳар баҳор човидон

Печида аз ту атру буйи панчара

Ҳар су зи куйи панчара

 

Болида руҳи панчара

Саркуб мекунад андуҳи панчара

Аз лолаҳои домани доимбаҳорат, эй азиз

Сад чом пур шуда дар куҳи панчара

Ҳошо шукуҳи панчара

 

 



موضوع مطلب :
٧ فروردین ۱۳٩٠ :: ٧:٠٦ ‎ق.ظ ::  نويسنده : اعظم خجسته Аъзам Хучаста

 

 

Пиёда мешавам

Савори роҳу чода мешавам

Ва меравам ба рағми дидаҳои ҳақнабин

Даруни ҳавзи чашмҳои ту дубора зода мешавам

Дар илтиҳоби ин баҳор, ки сабзаҳо пур аз хазони зарди пойизанд

Канори лолазори домани ту масти бода мешавам

Аз ин сафар, ки чархиши баҳори зиндагист

Чу ғунчаҳо кушода мешавам

Зиёда мешавам

 



موضوع مطلب :
٢۸ اسفند ۱۳۸٩ :: ۸:۳۸ ‎ب.ظ ::  نويسنده : اعظم خجسته Аъзам Хучаста

Оҳ борон
Омада аз роҳ, борон
То биафшонад губор аз суратам
Панчааш бо панчахои модарам хамрох, борон
Обшори гесувонаш пушти шиша хамчу зулфони фаришта
Аз мазори волидон дар катрахо оварда бо худ гуиё арвох, борон
Ин шабе ки калби ман чун осмони абрй дар худ гиря мекард
Мекашад манро зи умки чох суи мох, борон
Дар рикоби нолаи худ рухи манро
Мебарад чун кох, борон
Ох...борон



موضوع مطلب :
٢٧ بهمن ۱۳۸٩ :: ٧:٠٠ ‎ب.ظ ::  نويسنده : اعظم خجسته Аъзам Хучаста

Зулолтарона гуфтаам

Ва холисона, содиқона гуфтаам

На гуфтаам, ки бори хотири гули касе шавад

Зулолу поку бебаҳона гуфтаам

Ва ошиқона гуфтаам

 

Зулолтаронаҳои ман

Ниҳоли бахтро чавонаҳои ман

Барои ҳасту буди зиндагй, алайҳи бардагй

Дар ин чаҳони тира хонаҳои ман

Дари хазонаҳои ман



موضوع مطلب :
۱۸ آذر ۱۳۸٩ :: ۱۱:٠۱ ‎ق.ظ ::  نويسنده : اعظم خجسته Аъзам Хучаста